ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, ахиран қарори нави Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба имзо расид.
Тибқи қарори мазкур аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.
Тавре мақомоти шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи ин қарор Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои дар муҳлатҳои муайянгардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар пойтахт тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳамчунин муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан, гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.