Тазоҳурот дар Узбакистон: эътирозгарон барои набуди гармӣ ва рушноӣ ба кӯчаҳо рехтанд

Узбакистон неруи барқашро ба ҳамсоякишвари Туркманистон мефурӯшад. Дар ҳоле, ки худи шаҳрвандони ин кишвар аз набуди барқ ва гармӣ азият мекашанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Интиқол ёфтани неруи барқи Узбакистон  ба Ҷумҳурии Туркманистон боиси нигаронии сокинони ин кишвар гардидааст.

Ҳалокати 7 коргари кироя дар шӯъбаи милитсияи вилояти Ҷиззах

Шаҳрвандони Узбакистон ба хотири изҳори норизогияшон аз фурӯши неруи барқ ба Туркмманистон даст ба тазоҳурот зада ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.

Заҳролудшавии шаш духтари узбак дар Русия

Интиқоли рушноӣ аз Узбакистон ба кишвари ҳамсояи  Туркманистон дар ҳолест, ки худи шаҳрвандони ин кишвар аз нарасидани неруи барқ танқисӣ мекашанд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Узбакистон, дар вилояти Фарғона, сокинони маҳаллӣ ба шоҳроҳ баромада, гузаргоҳро банд ва аз набудани газу рӯшноӣ эътироз кардаанд.

Ҳалокати чор узви як хонавода дар Хоразм

Гуфта мешавад, ҳудуди 70 нафар сокини шаҳраки Шортанбайи ноҳияи Нукуси Қарақалпоқистон роҳи мошинро банд карда, чархҳоро оташ заданд ва талаб мекарданд, ки интиқоли гази табиӣ ба деҳаи онҳо таъмин карда шавад. Дар вилояти Сирдарё ронандагон пас аз баста шудани истгоҳи сӯзишвории метанӣ, бо сабаби камбуди газ, роҳро бастанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода Узбакистон рӯйхати заҳролудшудагонро интишор кард

Дар наворе, ки рӯзи 29-уми ноябр дар Фейсбук пайдо шуд, дида мешавад, ки чӣ гуна издиҳоми мардум аз нарасидани гази табиӣ ва барқ ба хашм омада, роҳи яке аз ноҳияҳои вилояти Андиҷонро бастанд.

Зимнан, сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов шахсони мансабдорро барои хатоҳо шадидан танқид кардааст. Вай гуфтааст, ки бо фарорасии ҳавои сард, бисёр минтақаҳо аз барқ ​​ва газ маҳруманд. Ба гуфтаи сарвазир, ҳоло ҳам бисёр мактабҳо аз дегҳои кӯҳнаи гармидиҳӣ истифода мекунанд. Вай қайд кардааст, ки мактабҳо, кӯдакистонҳо ва беморхонаҳо ҳоло ҳам ба ангишт ниёз доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Узбакистон бо фаро расидани фасли сармо аллкай чандин нафар аснои заҳролуд шудан аз дуди ғализи газ ҷони худро аз доданд.