"Гашту гузор" - и Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд

Рустами Эмомалӣ аз метрои шаҳри Тошканд дидан карда, азамати корҳои сохтмониро дар ин шаҳр зикр кардааст ва гуфтааст,  ки барои Тоҷикистон омӯхтани таҷрибаи Тошканд дар ин самт муҳим аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳайате, ки ӯ дар ин сафар роҳбари он аст, ҳамроҳи ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бо ҷараёни  бунёдкориҳо ва дигаргуниҳо дар шаҳри Тошканд шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба ВАО-и Узбакистон.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни тамошои қисмати метрои рӯизаминӣ, ки дар кӯчаи Фарғона Йулии ноҳияи Яшнобод сохта шудааст, ҳамчунин боздиди қатораи нави метро, ки барои ҳаракат дар хатсайри нав пешбинӣ  гардидааст, Рустами Эмомалиро шигифтзада кардааст.

Нахустин сафари Рустам ба ҳайси шаҳрдор: ӯ озими Тошканд шуд

Ӯ азамати корҳоеро, ки дар Узбакистон дар соҳаи сохтмон гузаронида шуда истодаанд, зикр карда, иброз доштааст, ки барои Тоҷикистон омӯхтани таҷрибаи Тошканд дар ин самт муҳим аст.

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Дар баробари ин, ҳайати тоҷикон аз маркази омӯзишии "Ба кор даъват менамоем"-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар ноҳияи Яшнобод  дидан кардаанд.

Зимни боздид аз маркази мазкур меҳмонон доир ба кор ва аҳамияти он барои аҳолии шаҳр маълумоти муфассал пайдо намудаанд.

Дар охир ҳайат бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ аз бинои Маркази хизматрасониҳои давлатии ноҳияи Чиланзор, ки чанде пеш ба истифода дода шуд, дидан намудаанд.

Манбаъ афзуда, ки фаъолияти ин марказ ва шароити муосири он  ба меҳмонон аз Душанбе таассуроти амиқ бахшид.