Федератсияи футболи раисон: аз Рустами Эмомалӣ то...

Раиси шаҳри Хуҷанд раиси Федератсияи футболи ин шаҳр интихоб шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода бо пешниҳоди раиси вилояти Суғд ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин вазифа баргузида шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода аввалин ва эҳтимол охирин раҳбаре нахоҳад буд, ки федератсияи футболи Тоҷикистон мақоми роҳбарикунанда дорад.

Маъруф Муҳаммадзода: ошӯб дар зиндони № 3 мизони ҷинояткориро афзуд

Қабл аз ӯ чанд раҳбари шаҳру вилоят низ федератсияи футболи маҳаллии худро ба раҳбарӣ гирифтаанд.

Ба назар мерасад, интихоби раисони шаҳру вилоятҳо як стратегияи эълоннашудаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бахусус президенти он Рустами Эмомалӣ аст, ки бо истифода аз захираҳои маъмурӣ тасмим гирифтааст рушди “варзиши №1 – и ҷаҳон” - ро рушду тақвият диҳад.

Санаи 7 феврали соли 2018 бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода “якдилона” раиси Федратсияи футболи ин вилоят баргузида шуд.

18 майи соли 2019 номзадии Қурбон Ҳокимзода, раиси вилояти Хатлон низ ба раисии Федератсияи футболи ин вилоят дастгирӣ ёфт ва Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб яке аз ду муовини ӯ интихоб шуд.

Ёдгор Файзов, раиси вилояти Кӯҳистони Бадахшон ба наздикӣ дар расми ифтитоҳи як майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ зоҳир шуд ва туббозӣ ҳам кард, аммо раҳбарии Федератсияи футболи вилоят ба дӯши Аноятшо Аноятшоев аст, ки гуфта мешавад, собиқаи футболбозӣ дорад.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

 Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, яке дигар аз федератсияҳои фаъоли Тоҷикистон, Анвар Мирзоев низ дар гузашта дарвозабон буд ва як соли қабл ба ин вазифа расид. Ин ҳам шояд ба он хотир аст, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ худ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

 Собиқаи раҳбарии писарбузурги раисҷумҳури Тоҷикистон дар ФФТ ба соли 2012 бармегардад, ки ӯ Раёсати мубориза бо қочоқи Кумитаи гумруки Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард. То он замон Рустами Эмомалӣ вориди корзорҳои майдонҳои футбол шуда буд, аз ҷумла яке аз муассисони дастаи футболи “Истиқлол” буд, дар ҳайати ин тим дар лигаҳои аввалу олӣ бозӣ кард ва ҳамзамон муовинати президенти ФФТ – ро бар дӯш дошт.

Соли 2012 ӯро ба ҷои Суҳроб Қосимов барои чаҳор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карданд.

Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Дар ин миён Рустами Эмомалӣ ба симатҳои мухталиф, аз ҷумла раиси Кумитаи гумрук, Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд, аммо аз раҳбарии ФФТ канор нарафт.

 Дар ин миён, дар саросари Тоҷикистон маъракаи бузурги сохтмони майдонҳои варзишӣ ба роҳ андохта шуд ва садҳо варзишгоҳи хурду бузург арзи вуҷуд карданд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе теъдоди онҳо ба 200 адад мерасад. 24 апрели соли равон Рустами Эмомалӣ президенти Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA - Central Asian Football Association) интихоб шуд. Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ июни соли 2014 таъсис ёфта, яке аз панҷ минтақаи Анҷумани футболи Осиё аст. CAFA шаш кишвар – Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад.