ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Варзишкори русиягӣ Александр Емеляненкоро пеш аз саршавии сабқат зимни тамрин барои рақобат бо бодибилдер Михаил Кокляев, ба нокдаун фиристоданд.
Навори тамрин дар Instagram-stories қаҳрамони бошгоҳи "Ахмат" Евгений Гончаров нашр шудааст.
"Як мушт ба ҷои ҳазор сухан - ва дар ҷояш қаҳрамони РЕН ТВ" - қайд кардааст варзишкор дар шарҳи ин навор.
Аз навор дида мешавад, чигуна Емеляненко аз зарби мушт ба замин меафтад.
Қаҳрамони бошгоҳи "Ахмат" Евгений Гончаров аллакай Александр Емеляненкоро пас аз пирӯзӣ бар бодибилдер Михаил Кокляев, масхара карда буд.
Баҳс дар интернет бо муштзанӣ анҷомид: штангабардор зидди Емеляненко-видео
Ӯ гуфт, рақиби ояндаи Емеляненко метавонад Леонид Якубович шавад.