ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Кормандони пулиси пойтахт давоми се рӯзи амалиёти шартии "Корд" 11 нафарро барои мусаллаҳ будан бо силоҳи сард дастгир намуданд ва алайҳи онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуданд.
Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, аз санаи 27 - уми ноябр то 1 - уми декабри соли равон, 11 нафар ҷавонон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард аз қабили корду кастет ва электрошокер мегардониданд.
Мусодираи корд аз як духтар дар "дискоклуб"- и Душанбе
Гуфта тмешавад, дар марҳилаи навбатии амалиёт аз 11-нафар шаҳрвандон 10-адад корд, 2-адад кастет ва як адад электрошокер дарёфту мусодира карда шуданд.
Раёсати ВУД ҳушдор медиҳад, аз нафароне, ки силоҳҳои сард мусодира шуд дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ метавонанд аз он истифода кунанд ва ҷиноятҳои вазнин содир кунанд.
Муроҷиати ВУД ба сокинони Душанбе: падарону модарон, фарзандони худро назорат кунед
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира гардид, чораҳои таъсиррасони қонунӣ аз ҷумла ҷазо дар намуди ҷарима аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.
Аз ин хотир, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки “то охирин лаҳза ва пурра решакан намудани ин амали номатлуб мубориза бурда, амалиёти ҳадафмандонаро дар ҳудуди пойтахт идома медиҳад”.