Бонки миллӣ мушкилот дар интиқоли маблағҳо дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Низомҳои интиқоли пул аз Русия муваққатан фаъолияташонро дар қаламрави Тоҷикистон қатъ намуданд ва ҳоло дар қаламрави кишвар гирифтани пули интиқолдодашуда аз Русия тавассути низомҳои гуногуни интиқоли пул ғайри имкон аст. Дар бонкҳо навбат ба назар мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Бино бар ворид намудани тағйирот дар низоми интиқоли пул дар Тоҷикистон баъзе аз бонкҳои Русия ва ширкатҳои хизматрасон дар қаламрави ҷумҳурӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ шуданд.

Фақат “Юнистрим”: саргардонии мардум аз дарёфти маболиғи интиқолии муҳоҷирин - акс

Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ин вазъиятро шарҳ дода гуфт, баъзе аз низомҳо алакай дар қаламрави кишвар ба маркази протсесенгии миллӣ пайваст шудаанд.

“Низоми пардохти Contact и Юнистрим дар ҳоли ҳозир фаъолият доранд. Бо ширкати Western Union созишнома ба имзо расидааст, аммо баъзе аз корҳои техникӣ боқӣ мондааст. Ҳамааш давомоми ду ё се рӯз ба кор медарояд”, - таъкид кард сардори Шуъбаи матбуоти БМТ Мавҷуда Ҳасанова.

Бояд қайд кард, ки имрӯз дар идораҳои бонкҳои кишвар дар тамоми қаламрави кишвар навбатҳои мардум барои гирифтани маблағҳои интиқолдодашуда дида мешавад.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд танҳо низоми “Юнистрим” фаъол асту халос.