Садамаи маргбор дар Шаҳритуз: кӯдаки 9 - сола ҳалок ва ду мусофири дигар маҷрӯҳ гардиданд

Садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Шаҳритуз мунҷар ба ҳалокати як ноболиғ ва ҷароҳати вазини ҷисмонӣ бардоштани ду мусофири дигар гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ҳодисаи мазкур рӯзи 30-юми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 15:00,дар роҳи мошингарди ноҳияи Шаҳритуз рух дод, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Турсунзода

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Артиқов Меҳроҷи 26 - сола, сокини шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шаҳритуз дучори садамаи нақлиётӣ гардидаст.

Хобаш бурд: ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар шоҳроҳи Бухоро - Самарқанд

Номбурда аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Деҳқони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадов Раҷабалии 9 - сола, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст.

ВУД меафзояд, дар натиҷа, ноболиғ Маҳмадов  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бозӣ мекард: сокини Рӯшон аснои тоза кардани саҳни мактаб кӯдаки 6 соларо пахш кард

Инчунин мусофирони дигари дохили автомашина, Буриев Зуҳуршои 22 - сола ва Нодиров Саймуроди 62 - сола сокинони деҳаи Айваҷи ноҳияи Шаҳритуз, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Бар хабари сарчашма, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.