Кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфтанд

Вазорати иқтисоди Афғонистон таъкид кардааст, ки дар давоми нӯҳ соли гузашта, ҳаҷми кумакҳои ҷаҳонӣ ба ин кишвар 46 дарсад коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Вазорати иқтисоди Афғонистон, рӯзи якшанбе дар шаҳри Кобул  эълом кардааст, ки давоми нӯҳ соли гузашта, ҳаҷми кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Манбаъ қайд намудааст, ки аз соли 2010 то кунун, мизони кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон аз 15,7 миллиард доллар ба 8,4 миллиард доллар расида, ки як коҳиши 46 дарсадиро нишон медиҳад.

Парлумони Афғонистон аз дидори Ашраф Ғанӣ бо Доналд Трамп интиқод кард

Ҳамзамон масъулини ин вазорат гуфтаанд, ки дар соли 2016 дар нишасти Брюссел, 29 кишвари ҷаҳон мутааҳҳид ба пардохти кумаки 11 миллиарддолларӣ ба Афғонистон шуданд, аммо то кунун панҷ миллиард доллар аз ин ваъда ба Афғонистон расидаасту халос.

“Кумакҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфтааст, аммо давлат барномаи тақвияти бахши хусусӣ ва ахзи вомро дар дасти иҷро дорад то дар коҳиши кумакҳои ҷаҳонӣ, мушкиле ба вуҷуд наёяд”, - эълон кардааст масъулини вазорати иқтисоди Афғонистон.

Дар ҳамин ҳол, даромадҳои Афғонистон, ки дар соли 2010 тақрибан 1.3 миллиард доллар буд, дар 2018 ба 2.6 миллиард доллар расидааст.

Дар соли 2010 ҳазинаҳои умумӣ дар кулл 17 миллиард доллар мушаххас шуда буд, аммо дар соли гузашта, ин рақам ба 11 миллиард доллар расидааст.

Масъулини Вазорати иқтисод гуфтанд, қарор аст, то поёни соли ҷорӣ ба миқдор 100 миллион евро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоби давлат равона шавад.