Парвандаи нав: Отамбоев барои содир кардани боз як ҷинояти дигар гумонбар дониста мешавад

Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро барои монеъ шудан ба кори тафтишот гунаҳкор медонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вакили мудофеа собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Сергей Слесарев мегӯяд, ҳимоятгари ӯро боз дар содир намудани як ҷинояти дигар гумонбар медонанд.

Мурофиа баргузор нашуд: Отамбоевро бозпас ба КДАМ бурданд - навор

Ба гуфтаи Слесарев, Отамбоев барои монеъ шудан ба рафти кори тафтишот айбдор дониста мешавад. Вакили Отамбоев тавзеҳ дод, ки гап сари парвандаи ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев меравад, ки собиқ раисҷумҳур чанд бораҳо аз ҳузур дар баррасии мурофиаи вобаста ба парвандаи ӯ худдорӣ намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро дирӯз барои иштирок дар баррасии парвандаи Азиз Батукаев ба бинои додгоҳи Первомайский оварданд.

Ин хабарро вакили мудофеи собиқ раисҷумҳур тасдиқ намуда афзуд, ки Алмосбек Отамбоевро дар мошини махсус таҳти назорати мақомоти пулис ба бинои додгоҳ оварданд.

Отамбоев ба додгоҳ омад: ӯро дар робита ба қазияи Батукаев бозпурсӣ мекунанд - навор

Вале бо вуҷуди он ки баррасии ин парванда то 6- уми декабр ба таъхир гузошта шуд, Отамбоевро боз дар иҳотаи мошинҳои маъмурони пулис ба бинои КДАМ интиқол доданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан додгоҳи Первомайский Қирғизистон мӯҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишварро барои ду моҳи дигар тамдид карда буд.

Вакили Алмосбек Отамбоев низ бо ишора ба ин ки додгоҳи Қирғизистон муддати ҳабси вайро то ду моҳи дигар тамдид кардааст, гуфт, Отамбоев дастикам то 26 декабр дар зиндон хоҳад монд ва пас аз он дастгоҳи қазоӣ дар бораи тамдиди муҷаддади ҳабси вай тасмимгирӣ хоҳад кард.