ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Размикори тоҷик Нурулло Алиев дар сафҳаи Instagram аз лағви дигарбораи муҳорибаи ӯ дар GFC барои камарбанди қаҳрамонӣ изҳори нигаронӣ намудааст.
Варзишгари тоҷик дар сафҳаи худ навиштааст, ки эҳтимол ин навбат ҳам муҳориба ӯро ба таъхир гузоранд.
Нурулло Алиев мебоист бо ҳамтои қазоқи худ барои соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони GFC вориди набард шавад, вале замон ва макони муҳорибаи ӯ пайваста тағйир меёбад.
Рақиби ӯ Куат Ҳамитов маъруф ба "Найман" размикори хеле моҳир буда, 26 муҳорибаро паси сар намудаст.
Қаблан хабар дода шуд, ки муҳорибаи ин ду размикор санаи 6 - уми декабр дар Самара баргузор мешавад, вале сипас замони набарди онҳоро ба 13 - уми декабр ва дар шаҳри Краснодар тағйир доданд.
Аммо, вақте ин навбат ҳам муҳорибаи онҳо аз 13 - уми декабр ба 25 -уми декабр дар шаҳри Алмато иваз шуд, онгоҳ нигаронии размикори тоҷик ҳадду канор надошт.
"Чанде қабл аз мусобиқаи деринтизор, роҳбарияти Лигаи GFC ва дастаи Қуат шароити рақобатро комилан иваз карданд. Онҳо аз ман талаб доранд, то вақти муҳорибаро аз 13 - уми декабр дар Краснодар ба 25 -уми декабр дар Қазоқистон иваз кунам. Вале мо хуб медонем, ки дар Қазоқистон доварон он қадар одилона нестанд", - афзудааст Алиев дар сафҳаи худ.
Зимнан, рақиби ӯ Куат Ҳамитов дар ҷавоб ба нигаронии Алиев дар сафҳаи Instagram - и худ навиштааст, ки " хавотир мабош, агар фикр мекунӣ доварони қазоқ дар ин муҳориба маро ҷонибдорӣ мекунанд, хато мекунӣ. Чун агар онҳо тарафдори ман мешуданд, ман дар муҳорибаҳое, ки дар Қазоқистон доир мешуданд, мағлуб намегардидам".
Гузашта аз ин Ҳамитов илова намудаст, ки ба хотири баргузор шудани ин рақобат, омодааст ба Тоҷикистон ҳам равад.