ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Интиқоли бор тавассути худравҳо дар қиёс ба истифода аз роҳи оҳан дар Тоҷикистон наздики 15 баробар зиёд мебошад.
Аз оғози сол то ба ҳол 93,1 дарсади кулли таробарӣ дар Тоҷикистон тавассути худравҳо анҷом ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бурду бохти кормандони гумрук: аз иҷрои нақша то содиршавии ҷиноятҳои мансабӣ
Манбаъ бо такя ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон афзудааст, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ тавассути худравҳо ҳудуди 66 миллион тонна коло таробарӣ гардид. Вазорат таъкид намудааст, ки ин нишондод дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 0,5 дарсад бештар мебошад.
Ҳушдори БДА ба ронандагону мусофирон: бе зарурат ба сафар набароед
Инчунин аз аввали сол то ҳол аз тариқи роҳи оҳан беш аз 4,5 миллион тонна коло таробарӣ шуд.