ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Рӯзи 2 - юми декабри соли равон дар бинои марказии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону - Русия ифтитоҳи ботантанаи муҷассамаи шоири маъруфи рус Александр Сергеевич Пушкин баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифтитоҳи муҷассамаи ходими намоёни адабиёт ва фарҳанги рус маротибаи нахуст сурат мегирад.
Ифтитоҳи пайкараи Александр Пушкин дар шаҳри душанбе бо ҳузури сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин - Фролов, роҳбари Россотрудничества дар Тоҷикистон Михаил Вождаев ва чандин намояндагони баландмақоми ҳар ду кишвар иштирок хоҳанд кард.
Азми Русия ва қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе муҷассамаи Пушкин гузошта мешавад
Ёдовар мешавем, ки шаҳрдори Душанбе чанде қабл қарор кард ,ки дар маркази пойтахт пайкараи шоири саршиноси рус Александр пушкин гузошта шавад.
Бояд гуфт, ки пайкара бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия омода шуда, ба Душанбе интиқол дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи гузоштани пайкараи Александр Пушкинро моҳи марти соли равон, муовини вазири фарҳанги Русия Олга Ярилова бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода баррасӣ карда буд.