Отамбоев ба додгоҳ омад: ӯро дар робита ба қазияи Батукаев бозпурсӣ мекунанд - навор

Қаблан собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз ҳузур дар мурофиаҳои додгоҳӣ худдорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба бинои додгоҳи Первомайский оварданд. Отамбоевро ба хотири иштирок дар баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ  Азиз Батукаев ба додгоҳ оварданд, хабар медиҳад мухбири Sputnik Қирғизистон.

Хабари ба додгоҳ интиқол ёфтани Отамбоевро вакили ӯ Сергей Слесарев низ тасдиқ намудаст.

Гуфта мешавад, Отамбоевро дар мошини махсус таҳти назорати маъмурони пулис ба додгоҳ оварданд.

Муҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев то 26 декабр тамдид шуд

Маврид ба зикр аст, Алмосбек Отамбоев чанд бораҳо аз иштирок дар муҳокимаи вобаста ба парвандаи Батукаев худдорӣ намуда буд.

Отамбоев изҳор намуда буд, дар нақше, ки барои ӯ дар қазияи Батукаев сохтаанд, бозӣ намекунад.

Палатаи Конститутсионӣ маҳрум шудани Отамбоев аз мақоми собиқ президентиро таҳқиқ мекунад

Ёдовар мешавем, ки қаблан додгоҳи Первомайский Қирғизистон мӯҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишварро барои ду моҳи дигар тамдид кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Додситон: ҳукми Отамбоев танҳо дар сурати бад шудани вазъи сиҳатии ӯ тағйир меёбад

Вакили Алмосбек Отамбоев низ бо ишора ба ин ки додгоҳи Қирғизистон муддати ҳабси вайро то ду моҳи дигар тамдид кардааст, гуфт, Отамбоев дастикам то 26 декабр дар зиндон хоҳад монд ва пас аз он дастгоҳи қазоӣ дар бораи тамдиди муҷаддади ҳабси вай тасмимгирӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи вакил ин тасмимро додгоҳ бидуни ҳузури Алмосбек Отамбоев қабул кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 июни соли ҷорӣ парлумони Қирғизистон комиссияи махсусро ташкил намуд, ки онҳо даст доштани Отамбоевро дар содир намудани 6 ҷиноят собит карданд.