Назарбоев ба кишварҳои Осиёи Марказӣ: созишномаҳои ҳамкориҳоро зиёдтар кунед

Собиқ президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев барои фаъолтар намудани алоқаю ҳамкориҳои кишварҳо Осиёи Марказӣ ба роҳбарони онҳо пешниҳод кардааст, ки созишномаҳои зиёдтар ба имзо расонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури аввали Қазоқистон ҳангоми мулоқоти машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд пешниҳод кардааст, ки созишномаҳо дар бораи ҳамсоядорӣ ва ҳамкорияҳо оид ба рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI ба имзо расонида шаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Назарбоев.

“Гуфтушунид нишонаи он аст, ки дӯстии ин панҷ кишвар асрҳо поянда хоҳад буд. Ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо фаъол шуда истодаанд”, - гуфт Назарбоев.

У пешниҳод кардааст, ки созишномаҳо баҳри ҳамсоядорӣ ва беҳтар кардани вазъи кишварҳои ҳамсоя бояд баррасӣ ва ба имзо расонида шаванд.

Қарори президентҳо: Раҳмон дар Тошканд мақоми нав гирифт

 “Дар ин санади муҳим ва сиёсӣ бояд принсипҳои заминагузор ва мақсадҳои ҳамкориҳои мо дарҷ гарданд. Ба созишнома қоидаҳои асосӣ дар бораи эҳтироми истиқлол, соҳибихтиёрии якдигар ва тамомияти арзии кишварҳоямон, низ бояд ворид гарданд”, - тавзеҳ дод Назарбоев.

Ғайр аз ин Ӯ бо мақсади мустаҳкамгардонии амният дар минтақа пешниҳод кардааст, ки дар соли 2020 котибони Шӯроҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот анҷом диҳанд.

Имрӯз дар шаҳри Тошканд мулоқоти дуюми машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин вохӯрӣ президенти Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Назарбоев, ки роҳбари ин форуми минтақавӣ интихоб шудааст, иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот Назарбоев қайд кард, ки форуми мазкур, ки соли гузашта аз Қазоқистон оғоз шуд саҳифаи наве дар таърихи ҳамкориҳои кишварҳои Осиё Марказӣ боз кард.