Раҳмон бо Жээнбеков масъалаи марзро баррасӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбой Жээнбеков, масоили сарҳадоти ду кишварро ба миён гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, ки бегоҳи дирӯз ба хотири иштирок дар иҷлосияи  навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД озими Қирғизистон гардид, бо раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков  дидору мулоқот намуд.

Раҳмонро дар фурудгоҳи Манас бо орзуқ пешвоз гирифтанд

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи мулоқоти кишвардорони ду давлат маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ таъкид доштаст, ки Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, ба масъалаи тавсеа ва таҳкими ҳамаи ҷанбаҳои ҳамгироӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аҳамияти махсус медиҳад.

Баҳси масоили дохилӣ: Раҳмон баъди Бишкек ба Тошканд меравад

"Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, дар рафти вохӯрӣ татбиқи тавофуқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар муҳокима гардид.

Қобили зикр аст, ки роҳбари давлатро дар ин сафар муовини сарвазири  Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Раҳмонро дар фурудгоҳи Манас бо орзуқ пешвоз гирифтанд

Зимнан, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек озими шаҳри Тошканд хоҳад шуд.