Оғози ҷаласаи СПАД дар Бишкек – пахши мустақим

Дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек феълан роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон ҷамъ омаданд
Sputnik

Сарони ин шаш кишвар масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баҳсу баррасӣ мекунанд

Нишаст дар қароргоҳи давлатии Ала-Арча ифтитоҳ ёфт.

Раҳмон бо Жээнбеков масъалаи марзро баррасӣ кард

Дар кори ин  ҷаласа раисҷумҳурон: Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Қосим- Жомарт Тоқаев, Сооронбой Жээнбеков, Александр Лукашенко ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат меварзанд.

Кишвардорони шаш давлати узви ин созмон, масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин рушди неруи низомии созмонро баррасӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми нишасти мазкур ба имзо расидани шаш санади муҳим ба назар гирифта шудаст.

Маврид ба ёдоварист, ки ба узвияти СААД Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомил ҳастанд.

Ҳадафи асосии ин созмон ҳифзи фазои минтақавӣ ва иқтисодии кишварҳои узв аз ҳамалоти таҷовузкорони низомӣ-сиёсӣ, терроризм ва инчунин офатҳои табиӣ мебошад.