ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Маҷмааи ин шаҳраки нав, ки он Khujand city номида мешавад аз шаш бинои истиқоматии 13, 9 ва 4 ошёнагӣ иборат буда, дар назар аст то се сол, мавриди истифода қарор дода шавад.
Ин шаҳраки нав дар соҳили чапи дарёи Сир, дар канори ҳуқумати шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, зимнан корҳои сохтмонӣ дар он оғоз шудааст.
Аз урониюм то калушу метал: Табошар чи гуна шаҳр шуд?
Хуҷанд ситӣ, дар фосилаи тақрибан 200 метрӣ аз шаҳраки хитоӣ ё "China town" дар Хуҷанд сохта мешавад. Аммо бо гузашти чаҳор сол аз ваъдаи масъулин, лоиҳаи шаҳраки хитоӣ амалӣ карда нашуд ва ҳоло ҳам маълум нест, ин шаҳраки ҷадид кай сохта хоҳад шуд.
Дар пайи сохта нашудани Чайна таун, 32 хонавода, сокинони Хуҷанд, ки чаҳор соли пеш ҳавлиҳояшонро вайрон ва замини онро дар ихтиёри сохтмони шаҳраки нав ҳамвор карданд, то ҳол дар шароити хонаҳои иҷоравӣ ба сар мебаранд.
Ҳарчанд маблағи иҷораи хонаҳои ин гурӯҳи сокинонро ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба зиммаи худ гирифтааст, вале сокинон аз шароити танги хонаҳои иҷоравӣ нигаронӣ мекунанд.
Қарори Ҳукумат барои додани мақоми шаҳрак ба деҳаи Ховалинг
Ҷудо кардани қитъаи замин аз ҳисоби 32 манзили сокинон, ки ҷамъ 1500 метри мурабаъро ташкил медиҳад, бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, он вақта раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳоло раиси вилояти Суғд ба ихтиёри ширкати “Ҳусноро 1”, ки моликони аслиаш шаҳрвандони Чин мебошанд дар соли 2015 сурат гирифта буд.
Аммо бо гузашти чаҳор сол, ин қарори шаҳрдорӣ дар вақташ иҷро карда нашуд. Сабаби шурӯъ нашудани корҳои сохтмонӣ дар Чайна таун ҳам номаълум боқӣ монд. Масъулияти сохтмони шаҳраки Хуҷанд ситиро ширкати маҳаллии "Элитсохтмон" ба зимаи худ гирифтааст.