Фиреби мусалмонон: "Ҳалол"- и омехта бо гӯшти хук дар Урал

Коршиносон аснои тафтиш намудани маҳсулоти "Ҳалол", ки онро аслан мусалмонон истеъмол мекунанд, дар таркибаш омехтаҳои гӯшти хукро пайдо карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. ДНК-и хук дар таркиби маҳсулоте, ки зери тамғаи "Ҳалол" барои мусалмонон фурӯхта мешавад, пайдо шудааст, хабар медиҳад Рссийская газета

Ташхиси беш аз 3 тон гӯшти ҳарому ифлоси 3 қасоби бозори Панҷшанбе

Қайд карда мешавад, ки тафтиши сифати ин намуд маҳсулотро Кумитаи назорати ҷамъиятӣ пас аз дастрас намудани чандин шикояти истеъмолгарон аз пастсифат будани маҳсулотҳои ҳалол, доир кард.

Гӯшт арзон мешавад: бо супориши Эмомалӣ аз Белорус 300 тонна гӯшт меоранд

Ба изҳори муовини мудири Росселхознадзор Ирина Топоркова, аслан маҳсулотҳои маъмулии гӯштӣ, ба хотири дақиқ кардани мутобиқати онҳо ба стандарти ҳалол, мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

"Аз ҷумла коршиносон таркиби гушти ҳасиб, тушбера ва гӯшти қимаро ташхис намуданд ва  дар таркиби он иловаҳои гӯшти хукро пайдо карданд", - гуфт Топоркова.

Гуфта мешавад, санҷишгарон як ширкати истеҳсоли маҳсулот зери тамғаи "Ҳалол" дар вилояти Челябинскийро пайдо намуданд, ки  дар истеҳсоли маҳсулоти барои мусалмонон табуъ пешсаф будааст.

Роҳбари Кумитаи назорати ҷамъиятӣ Сергей Сиов истеҳсоли ҳалолҳои дурӯғро "зарбаи сахт ба эътиқоди мусалмонон арзёбӣ карда, афзудаст, ки ширкате, ки дар фиреби мусалмонон даст дорад, ҷаримаи ҳангуфт мешавад.