Амрико хотимаи хобонидани лулуҳои газгузари "Северний поток - 2" намехоҳад

Киштиии лулагузор вориди баҳри Балтика шудааст, то ки дар охирин минтақаи Дания кори "Северний потока - 2"-ро ба анҷом расонад. Мувофиқи нақша ин кор бояд 5 ҳафтаро дар бар бигирад, агар амрикоиҳо сади роҳ нагарданд
Sputnik

Киштиии калони лулагузор, ки дар сохтани хати газгузари "Северний поток - 2" иштирок мекунад вориди баҳри Балтика шудааст. Pioneering Spirit бояд ба соҳили бандари Лиепая оварда шавад. Боз ду кишвтии лулагузори дигар дар бандарҳои Олмон ва Эстония гузошта шудаанд.

Кор дар ин минтақа рӯзҳои наздик оғоз мегардад ва 5 ҳафта идома меёбад. Конгресси ИМА нақша дорад бар зиди “Северний поток-2” мувофиқи буҷаи дифоии-2020, ки то охири сол қабул мегардад, таҳрим таҳрим бандад.  Амрикоиҳо мехоҳанд дар охирин минтақаи хати газгузар садди роҳи ин лоиҳа гардад.   

 “Сабаби ин тасмим дар он аст, ки қисмати зиёди хати газгузари “Северний поток-2” сохта шудааст ва бисёр имкониятҳо аз даст мераванд. Таҳримҳо метавонанд ташкилотҳои сохтмониро маҷбур созанд, ки аз корашон даст кашанд, чунки фоидаашон аз он камтар аст”, - мегӯяд Ҷим Риш, роҳбари кумита оид ба корҳои хориҷаи Сенати ИМА.

Хулас коршиносон бар онанд, ки Амрико дер ба кори худ оғоз кард. Ба сохтани ин лоиҳа сади роҳ шудан алакай дер шудааст. Аммо русбадбинӣ дар конгресс аз рӯи мудиятҳои иқтисодӣ давом доранд.   “Ин ҷо мақомоти Амрико кӯшиш мекунад гази моеъи худро, ки сифаташ аз гази Русия безебтар аст, аммо нархаш қиматтар аст гузаронад”, - мегӯяд Владимир Ҷаборов, узви Шӯрои Федеролии ФР.

 “Северний поток - 2", ки 1,2 ҳазор километрро дар бар мегирад бояд то мобайнҳои соли 2020 ба истифода дода шавад. Он ҳам мисли хати газгузари "Северний поток"-и дар истифода буда мебошад.