Пас аз нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Ростов лаби Дон халабон ба ҳалокат расид

Вазъи саломатии халабон ҳангоми парвоз дар хатсайри Москав-Анапа бад шуд, ба ҳамин хотир тасмим гирифта шуд, ки ҳавопаймо ба фурудгоҳи Ростов лаби Дон нишасти изтирорӣ анҷом диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар фурудгоҳи Ростов лаби Дон баъд аз нишасти изтирорӣ халабони дувуми ҳавопаймо ба ҳалокат расид, иттилоъ додааст Кумитаи тафтишотии Русия.

Ҳавопаймои узбакистонӣ боз ба далели саломатии сарнишин нишасти изтирорӣ анҷом дод

Ҳодисаи мазкур рӯзи якшанбеи субҳ дар фурудгоҳи байналмилалии “Платов” сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳавопаймо дар хатсайри Маскав -Анапа парвоз анҷом медод. Ҳангоми парвоз саломатии халабони дувум бад шуд, ба ҳамин хотир тасмим гирифта шуд, ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

Пас аз нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи “Платов” ба халлабони дувум фавран кумаки тиббӣ расонида шуд, аммо мутаасифона ӯро наҷот дода натавонистанд, халлабон ба ҳалокат расид.

Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи ҳодисаи мазкур ғайр аз халабони фавтида дигар нафарон осеб надидаанд.

Нисбати марги халабон Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқотро оғоз намудааст. Ҳамзамон сабаби марги халлабон эълон нашудааст.