"Моҳҳо фикр мекунам": Раҳмон гуфт, роҳи халосии мардум аз азияти порахӯрҳоро меҷӯяд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, моҳҳо дар бораи раҳондани мардум аз азоб аз дасти фасодкорҳо фикр мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон  гуфт, қабл аз қабули ҳар қонуни афв, моҳҳо фикр мекунад, ки чӣ гуна, чӣ кунад, ки масъулин аз фасодкорӣ берун шаванду мардумро азият надиҳанд.

Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео

"Вақте, ки ман пеш аз ҳар қонуни афвро қабул мекунам, моҳҳояш қатӣ фикр мекунам, ки чӣ кор кунам, бо кадом роҳ, бо кадом восита, кормандони судҳо, дастгоҳи судҳо, муфаттишон ва дигарон аз коррупсия берун шаванду мардумро азият надиҳанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи равон дар мулоқот бо кормандони мақомоти додгоҳӣ.

Ӯ дар идома аз фасодкорӣ дар мақомоти додгоҳӣ гила карда, афзуд, “агар ҳамин тарзи кору рафторамон бошад, ман намедонам, ин 5-ум ё 10-ум реформаи сохтори ҳокимияти судист”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон додрасҳоро ба кори содиқона даъват карда, хотиррасон кард, ки дар дасташон тақдири инсонҳост.

Рост! посухи Ятимов ба супориш барои “пеш кардани намешудагиҳо аз система”-видео

“Борҳо таъкид кардаам, вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо пешгирии ҷиноят мебошад. Дар паси ҳар шахс, як хонавода ва сарнавишту зиндагии онҳо қарор дорад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.