Сомон се рақиби худро мағлуб намуда, талоши гирифтани нишони биринҷӣ дорад

Сомон Маҳмадбеков дар даври 1/4 ниҳоӣ аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон варзишгари ҷопонӣ мағлуб шуд ва акнун барои гирифтани нишони биринҷӣ талош мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Имрӯз дар доираи мусобиқаи "Osaka Grand Slam 2019" рақобатҳо дар вазни 73 ва 81 кг баргузор шуданд. 

Чигуна Сомон Маҳмадбеков Георгий Элбакиевро шикасту қаҳрамони ҷаҳон шуд - видео

Варзишгарони кишвар Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг ва Акмал Муродов дар вазни 81 кг Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ намояндагӣ карданд.

Миннатдории падари Сомон аз раиси вилояти Бадахшон барои барқияи шодбошӣ

Бар хабари сомонаи "Варзиш", Беҳрӯзи Хоҷазода рақобатро аз даври дуюм шуруъ кард. Ҳарифи ӯ паҳлавони ҷопонӣ Кенши Ҳарада буд. Дар ин зӯрозмоӣ Беҳрӯз мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ дар вазни 73 кг майдондорӣ кард. Сомон дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо намояндаи Фаронса Бенҷамин Аксус вориди татамӣ шуда, дастболо гардид. Дар даври сеюм Сомон бо варзишгари рус Евгений Прокопчук сабқат намуда, ӯро низ мағлуб намуд ва ба даври ¼ ниҳоӣ роҳхат пайдо кард.

Чигуна Сомон Маҳмадбеков Георгий Элбакиевро шикасту қаҳрамони ҷаҳон шуд - видео

Дар ин марҳила рақиби ҷудокори тоҷик қаҳрамони се каратаи ҷаҳон Масаши Эбинума аз Ҷопон буд ва муттаассифона Сомон аз ин рақибаш ноком гашт. Баъдан Сомон дар даври тасаллобахш бо ҷудочии кишвари Қазоқистон Жансай Смагулов нерусанҷӣ намуда, зафар ёфт ва ҳамакнун барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо гӯштингирӣ ҷопонӣ Арата Татсукава қуввасанҷӣ мекунад.

Зимнан дар категорияи вазнии 81 кило Тоҷикистонро Акмал Муродов муаррифӣ намуд. Акмал рақиби якуми худ Иура Свейнбҷорнро аз Исландия шикаст дода, ба даври навбатӣ баромад. Аммо дар даври дуюм Акмал аз Томокиё Ҳикару шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.