Садамаи мудҳиш дар Истаравшан се кушта барҷой гузошт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар роҳи мошингарди Истаравшан сар задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар садамаи рӯзи 22-юми ноябри соли равон се нафар аснои ба беморхона интиқол додан дар нимароҳ ҷон бохтанд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Навори бархӯрди Дулан бо мошини сабукрав: ронанда ба чароғаки роҳнамо итоат накард

Бар хабари манбаъ, садамаи маргбор нисфирӯзи 22 - юми ноябр рух дода, омили сар задани он аз уҳдаи идораи автомашина набаромадани яке аз ронандаҳо рабт дода мешавад.

Бозӣ мекард: сокини Рӯшон аснои тоза кардани саҳни мактаб кӯдаки 6 соларо пахш кард

Манбаъ меафзояд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Ҳамидов Оламафрӯзи 35 - сола, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлётгарди "Истаравшан-Уяс" дар 8 километри шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи Ҷӯрабоев Акмали 45- сола, сокини ноҳияи Зафаробод, бархӯрдааст. 

Вазъи саломатии 4 шаҳрванди Тоҷикистонро пизишкони қазоқ вахим арзёбӣ мекунанд

Вуд мегӯяд, дар натиҷа, ронанда Ҳомидов  ва мусофирони автомашинаи мазкур Раҷабова Фирӯзаи 57 -сола, ва хурдсол Ҳомидов Фирдавси 1 - сола, сокинони шаҳраки Ваҳдати шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегарда, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.