Чигуна НАТО аз Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ талаб мекунад

Котиби кулли НАТО Йенс Столтенберг эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо наметавонад худро аз “таҳдидҳои Русия” ҳимоя кунад, чунки ба ин паймони ҳарбӣ кам маблағгузорӣ мекунад
Sputnik

НАТО бо баҳонаи ҳимояи хатарҳо аз ҷониби Русия ҷиддан аз Аврупо пул мепурсад.  Котиби кулли НАТО Йенс Столтенберг эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо ба қуваҳои мудофиа кам маблағгузорӣ мекунад ва баъди Brexit 80% хароҷот ба зимаи каишварҳои ғайриаврупоӣ хоҳад буд.  

Эълони Столтенбергро танҳо дар кишварҳои Балтия пазируфтанд, чунки новобаста аз мавҷудияти мушкилоти иқтисодӣ ба Паймони Атлантикаи шимолӣ маблағгузорӣ мекунанд.

Ин тасмим барои Амрико, ки ба тамомӣ ин паймонро маблағгузорӣ мекунад мувофиқ аст. Барои ҳамин НАТО кӯшиш карда истодааст, ки бо баҳонаи хатар аз ҷониби Русия, қариб ҳамаи хароҷотро аз ҳисоби Аврупо ситонад.

Мавқеи русбадбинӣ бештар дар кишварҳои назди Балтика ривоҷ дорад, ки барои онҳо аз ин зиёд маблағгузорӣ ба НАТО ба иқтисодашон зарбаи сахт мешавад

“Барои мо баланд бардоштани сатҳи мудофиавии паймон лозим аст, аммо ҳамзамон мо бо Русия муносибатҳои дӯстона ба роҳ хоҳем монд, чунки Русия ин ҳамсоякишвари мост. Барои он, ки Русия ин ҷо монад мо бояд барои беҳтар кардани муносибатҳоямон кӯшиш кунем.

Аҷиб аст, ки дар НАТО кӯшиши муносибатҳои хубу дӯстона мекунад, аммо ҳамзамон тиру тупашро дар назди марзи Русия гузошта ба русбадбинӣ дар кишварҳои назди Балтика тақвият мебахшанд