Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро муқобили Эрон оғоз намуданд.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 оғоз ёфт.
Дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, мунтахабҳои бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
Ҳамагӣ дар доираи Чемпионати АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.
Имрӯз инчунин сабқати бонувони Узбакистон – Қирғизистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва тимҳои Афғонистон – Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 14:00 дар назар аст.