Дар Бадахшон имрӯз барф меборад

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз ҳавои Тоҷикистон боронӣ аст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад боридани барф пешгӯӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  7+12 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад агентии "Ховар" аз қавли Ожонс.

Сардшавӣ ва боришоти барфу борон: ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 15 дараҷа поён мефарояд

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад.   . Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва   рӯзона    3+8 дараҷа гарм мешавад.

Борону раъду барқ: обуҳавошиносон дар Рӯзи забон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ доранд

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок  шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад.   Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар Тоҷикистон боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳаво шабона 4+6   ва  рӯзона  12+14 дараҷа гарм мешавад.