ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз 22 ноябр Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23-сола оғоз мегардад, хабар медиҳад кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, мунтахабҳои бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард
Зикр мегардад, ки дар доираи Қаҳрамонии АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.
Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро 22 ноябр муқобили Эрон доир мекунад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 оғоз мегардад.
Дастаи мунтахаби бонувони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ-2018 иштирок мекунад