Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири нав эътимоднома қабул кард

Дар Қасри миллат 11 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эътимоднома супурданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 11 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони Олмон Андреас Протманн, Ҷопон  Такаюкӣ Мияшита, Украина Василий Серватюк, Шоҳигарии Нидерландия Андре Карстенс, Португалия Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейр, Литва Гинтаутас Васиулис, Кипр Андреас Зинонос, Шоҳигарии Таиланд Русс Ҷаличандра, Шоҳигарии Баҳрайн Муҳаммад Иброҳим Муҳаммад Абдулқодир, Бангладеш Гузал Азам Саркор ва Нигер хонум Салоу Адама Газиборо, қабул кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул кард

Раисҷумҳур зимни суханронӣ таъкид кард, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин қайд кардааст, ки таъмини ҳамаҷонибаи шароити ҳарчи бештар мусоид барои ҳаллу фасли вазифаҳои бузургмиқёси иҷтимоиву иқтисодӣ ба манзури бомаром баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони кишвар дар сархати афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон қарор дорад.

“Мо ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо доираи васеи кишварҳои дӯсту шарикони боэътимоди худ ҳастем”, - зикр кардааст раисҷумҳур. 

Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири нав эътимоднома қабул кард

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар бораи рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ҳавзаи минтақаи назди Балтика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва ислом ва қитъаи Африка, андешаронӣ кард.

Вай изҳори умед кардааст, ки сафирони навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.