Даъвати "Бункер" якбора ба се ҷашнвора

 Филми тоҷикии "Бункер" ("Паноҳгоҳ") дар як вақт ба се ҷашнвораи байнулмилалӣ даъват шудааст. Қаблан, "Тоҷикфилм" иттило аз ду ҷашнвора дода буд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Диловар Султонӣ, коргардони "Бункер", ба Sputnik Тоҷикистон  гуфт, филм дар се ҷашнвора 37- умин Ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Экс-эн-Прованс (Aix-En-Provence) – и Фаронса (3 – 7 декабр), 5 – умин Ҷашнвораи байнуламилалии филми кӯтоҳ ва мустақил (ISIFF) - и шаҳри Даккаи Бангладеш (7 - 13 декабр) ва Ҷашнвораи филми байнулмилалии “Катарсис” – и Маскави Русия (7-16 декабр) бо филмҳои кишварҳои дигар вориди сабқат хоҳад шуд.

"Масалан, дар Фаронса теъдоди филмҳое, ки бо "Бункер" сабқат мекунанд, ба 45 мерасад. Онҳо аз кишварҳое, назири Олмон, Юнон, Полша, Португалия, Белгия, Эрон, Инглистон, Нидерландҳо ва Руминия пешниҳод шудаанд" , – гуфт Диловар Султонӣ.

Филми "Бункер" соли 2019 бо кӯмаки техникии "Тоҷикфилм" эҷод шудааст. Аввалин намоишаш 30 марти соли равон дар Душанбе ва дар сатҳи байнулмилал моҳи май дар шаҳри Пекин дар доираи Ҳафтаи филму телевизиони Осиё баргузор шудааст.

"Бункер" - сафари як филми тоҷикӣ аз Фаронса ба Бангладеш

Аз 11 то 16- уми ноябри соли равон он дар Ҳафтаи "Таҳаммулгароӣ ва фарҳанги инсон будан", як чорабинии маъруфи фарҳангӣ, ки дар шаҳри Маскав иттифоқ афтод, дар қатори филмҳои "Ҳаво" (коргардон Виталий Манюков), "Модар" (Владимир Котт), "Ӯ аз ман аст"- (Владислав Ритков) ба намоиш гузошта шуд.

"Коргардон Виталий Манюков чор филми кутоҳро дар шакли "Алманах" ҷамъ оварда, дар мавзӯъи "Сарнавишти кӯдакон ба дасти калонсолон аст" пешниҳод кард.

Дар Душанбе боз беҳтарин филмҳои фаронсавӣ намоиш дода мешаванд

Ин чоргона дар Ҳафтаи "Таҳаммулгароӣ ва фарҳанги инсон будан" дар бахши "аз нигоҳи кӯдакон" манзури тамошобинон шуд" – гуфт коргардони "Бункер".

Диловар Султонӣ мегӯяд, дар бораи ҷашнвораи Бангладеш иттилои кофӣ дастрасаш нест, аммо ҷашнвораи байнулмилалии "Катарсис" дар 20 маркази фарҳангӣ, клуби синамо ва китобхонаи чанд шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Владимир, Перм, Киров, Новосибирск, Екатеринбург, Псков, Владивосток ва ғайра баргузор мешавад.

"Худи ман танҳо имкони ширкат дар ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Экс-эн-Прованси Фаронсаро дорам, чун ҷашнвораҳо тақрибан дар як вақт баргузор мешаванд ва фурсати замониро аз дастам гирифтаанд", - гуфт коргардон.

"Бункер" қиссаи писарбачае аз замони Шӯравист, ки дар пайи як шӯхии бераҳмона аз сӯи ҳамсинфонаш ба зерзаминӣ - паноҳгоҳ афканда мешавад ва як рӯзи пас ӯро устоҳои об пайдо мекунанд.

"Ба назари ман, лаҳзаи калидии ин достон вақте боз мешавад, ки муаллим аз Муҳаммад савол мекунад, чӣ касе ӯро дар паноҳгоҳ афкандааст. Вақте ҳама мунтазири ҷавоб ҳастанд, қаҳрамони аслӣ хилофи ҳама интизорот мегӯяд, ки намедонад, то пулис ҳамсинфҳояшро набарад. Дар мақтаъе ба дӯстонаш нигоҳ меафканад ва дар ин нигоҳи камранг иброз медорад, ки ӯ як амали воқеии мардона анҷом додааст. Ва дӯстонаш инро фаҳмиданд. Дунёи кӯдакона, аммо хеле ранги бузургсолона дорад", - гуфт Диловар Султонӣ.

Нависандаи ин филм худи Диловар Султонӣ, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Миҳтоҷев ва филмбардор Акмал Восидӣ буда, дар жанри драма ба навор омадааст ва нақшҳои асосии онро Мӯҳсин Султонӣ, Исфандиёр Ғуломов, Аъзам Қараев, Манучеҳр Розиқов ва Самира Зайдуллоева бозӣ кардаанд. Филм 26 дақиқа давом мекунад.