Бозии мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт

Мунтахаби футболбозони Тоҷикистон бозии шашуми худро бо тими Қирғизистон мусовӣ 1:1 анҷом доданд ва дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи "F" ҷой гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек, бозии даври 6-уми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ва Малайзия

Сомонаи "Варзиш" хабар медиҳад, ки ҳарчанд набарди тимҳо пуршиддат сурат гирифта, вале ҳисоб мусовии 1:1 хотима ёфт.

Голи тими Тоҷикистонро  Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид. Дар дақиқаи 83-юм футболбоз аз дастаи Қирғизистон  Козубаев Т ҳисобро баробар кард.

Роҳ ёфтани 12 дастаи дигар ба марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё - 2020

Ҳамин тавр рақобати мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Акнун баъди ин дидор мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 7 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “Ғ” қарор гирифт.

Мунтахаби Қирғизистон дар хазинаи худ 7 хол дорад, аммо бо фарқияти бештари тӯбҳо дар зинаи дуюм қарор гирифтааст. Феълан дар зинаи якуми ин гурӯҳ тими миллии Ҷопон бо дарёфти 12 хол ҷой гирифтааст.