Раиси боғи ваҳши Душанбе иваз шуд: ба ҷои роҳбари собиқ Маҳмадалӣ Шарипов кӣ таъйин шуд?

Роҳбари боғи ваҳши Душанбе Маҳмадалӣ Шарипов пас аз ошкор шудани як қатор камбудиҳо дар кораш аз вазифаи ишғолнамудааш озод шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Роҳбарияти боғи ваҳши шаҳри Душанбе иваз шуд, иттилоъ додаанд ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдории пойтахт.

Ба мардум не, ба ҳайвонот: Ожонс 2 ҳазор кило гӯшти пастсифатро ба боғи ваҳш равон кард

Бино бар иттилои манбаъ, Маҳмадалӣ Шарипов дар вазифаи ишғолнамудааш, ки беш аз 10 сол фаъолият мекард, озод шуд. Маъруф Тошев, ки қабланг дар ин муассиса кор мекард, ба ҳайси роҳбари боғи ваҳш таъйин гардид.

Шаҳрдорӣ хабар додааст, ки тағйироти кадрӣ дар муассиса, тибқи нақша сурат гирифтааст.

“Роҳбарият бидуни камбуди намешавад, ҳоло вақте расидааст иваз шавад”, - зикр намуд дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Ивази роҳбарият дар боғи ваҳш баъд аз нашри чандин мақолаҳои танқидӣ дар бораи ҳолати нигаҳдорӣ ҳайвонҳо дар боғ сурат гирифт.

Ҳамин тавр дар расонаҳои хабарӣ мақолаҳоеро ба нашр расиданд, ки дар боғи ваҳш ҳайвонҳо дар шароити бад нигаҳдорӣ мешаванд.

Сару садоҳо дар ҷомеа баъд аз марги шутурмурғ ва гавазн баланд шуд.

Ҳамзамон, шаҳрдорӣ эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир масоили ҷой муносиб барои сохтмони боғи ваҳши навро баррасӣ дорад.