ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Кумитаи забон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аз мутахассисони соҳа, олимон, омӯзгорон ва шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки фикру андешаҳои худро ба Кумита пешниҳод кунанд, хабар додаст “Ховар”.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва дар асоси он талаффузи калимаҳо маҳсуб ёфта, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад.
Дар Тоҷикистон барои таҳияи лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъсис ёфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар суханронияш бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ гуфт, ихтилофу духӯрагиҳои қоидаҳои имлои забон боиси баҳсу мунозираҳои нолозим мешаванд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои таҳияи барномаи компютерии “Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ” низ мушкил эҷод кардааст.
“Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Худро санҷед, ё “Санҷиши умумӣ” дар Душанбе чӣ гуна гузашт?
Раисиҷумҳур дар идома ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дод, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” - ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта, то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.