ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Гардонандагони ин сафҳа, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳудуди 40 ҳазор пайраву хонанда дорад, аз талошу пуштибониҳо ва ташвиқи мухлисони тоҷик дар бозии Афғонистону Ҳинд, ки дар Душанбе баргузор ва мусовӣ анҷом шуд, як навиштаи пур аз эҳсосотро дар зери акси Саъдӣ Исмоилов сабт кардаанд.
“Оё ин марди хастанопазирро мешиносед? Оре, ин мард Саъдӣ Исмоилуф аст. Ин, ки ҳамеша бо пероҳани тими миллии футболи Афғонистон тими мо ва тамошогаронро ташвиқ мекунад, бояд бидонем, ки мо бо бародарони тоҷики Тоҷикистони худ ҳамхунем. Ҳамеша Тоҷикистонро хонаи худ фикр карда, аз Пешовар то Ому, Самарқанду Бухоро ва Душанбе мо бо ҳам бародарем. Зинда бод дӯстии Афғонистон ва Тоҷикистон! Мо бо ҳам бародарем” Ин коштаи “Сафҳаи футболи Афғонистон” – ро даҳҳо нафар писандида ва аҳсант гуфтаанд.
Саъдӣ Исмоилов солҳо ба ин сӯ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тарғибу ташвиқи мухлисон барои пуштибонӣ аз тими миллӣ ва ҳам дастаи “Истиқлол” – и Душанбе машғуланд ва ин кори худро ба таври аҳсан анҷом медиҳанд.