Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Фармони Президент дар бораи амнияти дохилӣ ва Додситонии кул

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барҳамдиҳии бахшҳои амниятӣ дар дохили идораҳои алоҳидаи давлатиро давом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои як фармон дар сохтори дастгоҳи марказӣ ва низоми идоракунии Додситонии кулли кишвар тағйирот ворид кард.

"Бги дега" манъ шуд: Суди олии Тоҷикистон сомонаҳои мамнӯъро эълон кард

Бар асоси фармон, аз низоми идоркунии Додситонии кулли Тоҷикистон, шуъбаи амнияти дохилӣ лағв карда шуд.  

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз сохтори Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳур, Хадамоти гумрук ва бархе ниҳодҳои дигари давлатӣ шуъбаю раёсатҳои амнияти дохилиро барҳам дод.

Яке аз далоили барҳамдиҳии шуъбаю раёсати амнияти дохилӣ дар ниҳодҳои давлатӣ камсамар будани фаъолияти онҳо арзёбӣ мешавад, ки фасодкориҳои дохили ниҳодашонро намебинанд.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар шарҳи барҳамдиҳии раёсати амнияти дохилӣ гуфт, камбудии ниҳод дар ҳамин аст, ки саривақт ҳолатҳои марбути Шаҳбоз Раҷабзодаро надидаанд ва бинобар ин раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ барҳам дода шуд.

Баҳси ҳамлаи “Ишқобод” бо ҳузури Раҳмон ва ҳифзи марз-аксҳо

Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе,  моҳи майи соли равон мавриди интиқоди шадиди раисиҷумҳур қарор гирифт, ки ҳамагӣ тайи камтар аз 2 соли фаъолият дар мақомоти гумрук, сарвати ҳангуфт ҷамъ оварда, баробари хонаю мошинҳои гаронарзиш сафарҳои зиёди хориҷӣ доштааст.