Ронандаи 19 сола ба девори оғилхонаи ҳамсоя бархӯрд ва ҳалок шуд

Ронандаи ҷаавон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори оғилхонаи ҳамсояи худ бархӯрдаст, ки дар натиҷа ҷон аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар деҳаи Сарикиштии поёни ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастаст.

Вазъи саломатии 4 шаҳрванди Тоҷикистонро пизишкони қазоқ вахим арзёбӣ мекунанд

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 15 - уми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 22:40 дақиқа рух додаст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола", Бурҳонзода Забеҳуллои 19 - сола, сокини деҳаи Сарикиштии поён, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба оғилхонаи ҳамсояи худ Раҷабов Неъмат бархӯрдаст", омадааст дар хабар.

Ҳалокати ду ронанда дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар натиҷа, ронандаи ҷавон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари ба ин монанд хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додаст.

Ҳалокати се нафар дар садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ давоми як шабонарӯз

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 14 - уми ноябр, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ҳакимов Шарифҷон 34 - сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба дарахти канори чапи роҳ бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда Ҳакимов  ва мусофири дохили автомашина Мирпочоев Умарҷони 32 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.