ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.
Раҳпаймоии наврасону ҷавоно ва сокинони Бадахшон бо роҳбарии Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Шермамад Ҷонмаҳмадов доир шудааст.
Амирбекзода аз номи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, изҳор доштаст, ки "таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сол аз сол дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад.
Муовини раиси вилоят аз раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун наҷотдиҳандаи ватан ном бурда, афзудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо ҳасос тавонист Тоҷикистонро аз нобудшавӣ наҷот диҳад.
Зимнан ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Шермамад Ҷонмаҳмадзода низ аз хизматҳои бешумули роҳбари давлат ёдоварӣ намуда, зикр дошт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд.
Баргузории мусобиқаи аспдавонӣ дар рӯзи Президент дар Душанбе
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯзи Президент ҷашн мегиранд. Ин санаро сар аз соли 2016 ҳамасола дар кишвар бидуни истироҳат ҷашн мегиранд.
Дар ин рӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ шаҳру навоҳӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва оммавӣ баргузор мешаванд.