Рӯзи президент: чӣ гуна Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сулҳ овард - навор

Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил мешавад. Соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва инак 25 сол боз раҳбарии кишварро бар дӯш дорад
Sputnik

Тӯли 25 соли роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист як кишвари хурде, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ қариб рӯ ба нестшавӣ ниҳода буд, наҷот диҳад.

Қарори Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Президент

Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба  давлати мутараққӣ табдил дод ва ҳамакнун ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ эътироф мекунанд.

Дар Хоруғ 5 000 нафар барои истиқболи Рӯзи Президент ба раҳпаймоӣ баромаданд

Дар навори мазкур толоре нишон дода шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб шуда буд. Дар ин ҷо вакилон, намояндагони илму фарҳанг ва ҳамчунин кормандони ВАО ҳузур доштанд.

"Аз рӯзҳои аввали кор дар Шӯрои Олӣ ӯ ба назари ман як шахси хеле дуруст намудор буд. Вай барои ҳамаи вохӯриҳо хеле бодиққат омода мешуд. Суханрониҳои ӯ ҳамеша аз масоиле, чун беҳбуди иқтисодӣ, барқарории  сулҳ ва ризоияти созанда гуфта мешуданд", - изҳор намудаст Бойпочо Фаттинов вакили Иҷлосияи 16 - уми  Шӯрои Олӣ.

Роҳ барои расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон басо душвор буд. Кишварро лозим буд то рукуди иқтисодиро паси сар кунад ва инфрасохторро барқарор созад. 

Аммо дар баробари ин мушкилӣ, ба Эмомалӣ Раҳмон лозим меомад, то барои гуфтушунид бо мухолифин ба нухтаҳои даргир сафар кунад.

Баргузории мусобиқаи аспдавонӣ дар рӯзи Президент дар Душанбе

Имрӯзҳо роҳбари давлат он замони душвортарин барои Тоҷикистонро ба ёд оварда мегӯяд, ки "нафаре пайдо нашуд, то масъулияти таъмин намудани сулҳ дар Тоҷикистонро бар дӯш бигирад ва ҳеҷ кас бовар ҳам надошт, ки ин кор имконпазир аст".

Вале Эмомалӣ Раҳмон тавонист ин кори ғайриимконро ба сомон расонад.

Ҳоло Тоҷикистон босуръат рушд карда истодааст: роҳҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ сохта шуда истодаанд. Сокинони ҷумҳурӣ ин ҷангро ҳамчун даҳшат ёд мекунанд.