Зодрӯз муборак: сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жээнбековро ба муносибати рӯзи мавлудаш табри кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Рӯзи 16 ноябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон кишвардори Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон табрик гуфта, "ба Сооронбой Жээнбеков сиҳатии комил, саодатмандӣ, ҳамчунин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин дар роҳи таъмини шукуфоии Қирғизистони дӯст таманно намуд".

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, алоқамандиашонро ба рушди мусбати ҳамаи паҳлӯҳои онҳо таъкид доштаанд.

"Президентҳои ҳарду кишвар зарурати ба харҷ додани саъю талошҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистонро бахусус таъкид намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти суҳбат ҳамчунин маъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доштанд.