ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Қаҳрамони феълии Осиё, тими мунтахаби Қатар барои баргузор кардани дидори даври шашуми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба Душанбе меоядхабар медиҳад сомонаи "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, дастаи яккачини футболи Афғонистон акнун боз як вохӯрии хонагиашро дар доираи ин мусобиқа дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мекунад.
Бонувони шаҳри Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шуданд
Дар ин варзишгоҳ, ки қариб 22 000 ҷойи нишаст дорад, Афғонистон 19-уми ноябр бо Қатар бозӣ мекунад. Қаблан футболбозони Афғонистон 10-ми сентябр бозии аввали хонагиашро бо Бангладеш (1:0) дар Душанбе баргузор карда буд.
Ҳоло мунтахаби Афғонистон дар гурӯҳи "Е" бо 4 хол баъд аз Қатар ва Уммон зинаи сеюмро касб мекунад.