ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сарояндаи эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам ҷоизадори мукофоти байналмилалии "Содружество дебютов" дар кишварҳои ИДМ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Бунёди ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ.
Дар баробари Меҳрнигор ҳашт намояндаи дигари соҳаи фарҳанги Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки саҳми назаррас доранд, соҳиби мукофот шудаанд.
Акс бо Гугуш: Меҳринигор мегӯяд як орзуи худ ва модарашро амалӣ намуд - навор ва акс
Маросими ҷоизасупорӣ 9 декабр дар пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2019 шаҳри Брест баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи байналмилалии "Содружество дебютов" соле як маротиба ба мутахассисони ҷавони то 35 сола дода мешавад.
Дар муддати чандин сол ин ҷоизаро шоирон, пизишкон, муаллимон, олимон ва мутаххассисон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, варзишкорон ва устодони варзиш гирифтаанд.
Овозхони ҷавон Меҳрнигори 25-сола ва яккасарои оркестри Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар фаъолияти овозхонии худ борҳо соҳиби ҷоизаҳои озмунҳои мухталиф шудааст.