Коршинос гуфт, Раҳмон бо ҳамтоёнаш дар Тошканд чиро баррасӣ хоҳад кард

Раҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ Андрей Грозин гуфт дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чӣ масъалаҳое баррасӣ хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд рӯзи 29 ноябр баргузор мешавад. Дар ин нишаст раисиҷмҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард.

Омодагӣ ба сафари Раҳмон ба Узбакистон: Муҳриддин ба Тошканд рафт

Раҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ Андрей Грозин гуфт дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чӣ масъалаҳое баррасӣ хоҳад шуд.

Холиқназаров: ҳадафи ҷангиёни ДОИШ роҳ ёфтан ба Узбакистон буд

Коршинос гуфт, масъалаи амният дар ин нишаст аз асоситарин хоҳад буд.

"Ин масъала аз масъалаҳои "доим амалкунанда" аст. Мушкилоти амният гум намешаванд. Рухдодҳои авохир дар Тоҷиистон бошад, ин масъаларо актуалтар мекунад", - қайд кард дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон Андрей Грозин.

Назарбоев сабабҳои аслии ошӯб дар марзи Тоҷикистонро гуфт

Коршинос ҳамчунин ба созиши авохири Душанбею Тошканд дар бораи аломатгузорӣ дар марз ишора кард.

Дар баробари ин Грозин муколамаи Тошканд ва Душанберо дар масоили марз барои минтақаҳои "душвор" намунаи ибрат медонад.

Тошканду Душанбе масъалаи марзро баррасӣ карданд: изҳороти ВУХ Узбакистон

"Дар нишаст масъалаҳои рӯз "сирф дохилӣ" баррасӣ хоҳад шуд: истифодаи об, масоили марзӣ, содирот ва дигарҳо", - гуфт коршинос.

Грозин ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки сарони давлатҳо масоили иқтисодиро низ баррасӣ хоҳанд кард, ки бештар бо ташаббуси Узбакистон сурат хоҳад гирифт.