Хусумати миллӣ: боздошти 6 донишҷӯи Петербург, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карданд

Мақомоти интизомии Санкт - Петербург гурӯҳи ҷавононеро боздошт намуданд, ки дар латукӯби муҳориҷи тоҷикистонӣ муттаҳам дониста мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия, кормандони пулис як гурӯҳи ҷавононро боздошт карданд, ки дар латукӯби муҳоҷири тоҷик даст доштанд, хабар медиҳад "Невские новости".

Дар Балашиха ду корманди пулисро барои латукӯби муҳоҷирон аз кор пеш карданд

Манбаъ аз боздошти 6 ҷавон гузориш медиҳад, ки дар заминаи хусумати миллӣ муҳоҷири тоҷикро мавриди латукӯб қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи боздоштшудаҳо донишҷӯёни коллеҷи Петербург ба ҳисоб мераванд.

Ҷавоби Колоколтсев ба вокуниш ва барқияи Раҳимзода оиди латукӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик

Ҳамла ба муҳоҷири тоҷик авоили моҳи ноябр  сурат гирифта, ӯро дар боғи Екатерингоф зери мушту лагад қарор доданд.

Зикр мегардад, ки донишҷӯён аснои латукӯби муҳоҷир аз ӯ талаб намуданд, ки қаламрави Русияро тарк кунад ва ба ватани худ баргардад.

Вокуниши Раҳимзода ба латукӯби мудҳиши ҷавони тоҷик аз сӯи миллатгароҳо

Қайд мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи донишҷӯёни боздоштшуда тибқи моддаи "авбошӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз намудаст.