ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Интишори натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон боз ба таъхир афтод, иттилоъ додааст узви Комиссияи мустақили интихоботи ин кишвар Оранг Зеб ба шабакаи телевизионии "TOLO News".
Ба гуфтаи манбаъ. эълони натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ, ки бояд рӯзи панҷшанбе баргузор мешуд, ба таъхир гузошта шуд. ин намояндаи КМИ Афғонистон далели таъхиркории эълони натиҷаи интихоботро ба шиддатнок гаштани масъалаҳои аз сар ҳисоб намудани овози интихобкунандагон арзёбӣ кард.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон дар вазъияти пуршиддат доир гардид - навор
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 28 сентябр дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Тибқи маълумоти КМИ, қариб 2,6 миллион нафар афғон, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд, ба нуқтаҳои овоздиҳӣ омадаанд. Дар овоздиҳӣ 9,7 миллион овоздиҳандагони бақайдгирифташуда иштирок карда метавонистанд.
Аз аввал, натиҷаҳои пешакии интихобот 19 октябр бояд эълон мешуд. Аммо он вақт раиси КМИ Ҳаво Олам Нуристонӣ дар бораи мавқуф гузоштан хабар дода, 14 ноябрро санаи нави эълони натиҷаҳои пешакии интихобот эълон дошт.
Афғонистонро баъди интихоботи президентӣ чӣ интизор аст?
Санаи нави интишори натиҷаҳои пешакии интихобот ҳанӯз эълон нашудааст.