Қарори додгоҳ: 17 соли зиндон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсар

Додситонии кулли Тоҷикистон сокини Шаҳритусро барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсари худ гунаҳкор дониста, ӯро ба мӯҳлати 17 соз аз озодӣ маҳрум намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik.  Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон,  ҳодисаи сӯиқасд ба одамкушӣ рӯзи 9 - уми сентябри соли равон дар  замини хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар Қарашувоқи ноҳияи Шаҳритус рух додааст.

Натиҷаи мастӣ кунҷи зиндон: марди маст ҷавони роҳгузарро ду корд зад

Манбаъ меафзояд, Пиримзода Ҷаҳонгир сокини 29 - солаи ноҳияи Шаҳритус, дар асоси хусумати оилавӣ худро маст намуда, хост ҳамсарашро, ки бо ӯ зиндагии якҷоя ба сар намебарад, аз ҳаёт маҳрум кунад.

Сокини Ҳамадонӣ, ки ҳамсарашро 13 корд зада ба пулис таслим шуд, 11 соли ҳабс гирифт

Номбурда, ҳамсараш Амоноваро дар замини хоҷагии деҳқонӣ дар пеши чашми модар ва янгаи ӯ 7 маротиба корд зада аз ҷойи ҳодиса фирор намудаст.

Ба гуфтаи манбаъ, Амоноваро пайвандони ӯ зуд ба беморхона интиқол доданд ва табибон ҷони ӯро аз марг наҷот доданд.

Дар ҳамин ҳол прокурори вилояти Хатлон нисбати Пиримзода бо аломатҳои моддаи 32 қисми 3-104 қисми 2 банди "е" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз намуда барои баррасӣ ба суд ирсол намуд.

Куштори мудҳиши модари ҷавон ва духтарчаи 6-сола дар Суғд: шарҳи ВУД

Бо қарори суди вилояти Хатлон Пиримзода Ҷаҳонгир барои содир намудани ҷинояти суиқасд ба одамкушӣ гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 17 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи низомаш пурзӯр маҳкум карда шуд.