Эрдуғон гуфт, номаи серғавғои президенти ИМА - ро ба ӯ бозгардонд

Дар авоили моҳи октябр Трамп ба Эрдуғон нома навишт, ки дар он аз перизендти Туркия талаб кард "девонагӣ накунад" ва ба ҳамалот дар Сурия хотима диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт, ки зимни дидору мулоқот бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп номаи моҷарозояшро ба ӯ баргардонд, менависад РИА Новости.

Дар авоили моҳи октябр Трамп ба Эрдуғон нома навишт, ки дар он аз перизеднти Туркия талаб кард, ки дар бастагӣ ба малиёти Сурия "девонагӣ накунад".

"Аҳмақ нашав!": хитоби Трамп ба Эрдуғон дар мавриди қатъи ҳамалот дар Сурия

"Ин номаро ман ба президенти муҳтарам баргардонидам", - гуфт раҳбари Туркия дар нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои амрикояш дар Вашингтон.

Рӯзи 13 ноябр рӯзномаи Washington Post хабар дод, ки Трамп ба Эрдуғон созишномаи 100 миллиард долларӣ пешниҳод кардаст.

Эрдуғон мегӯяд бар асари ҳамалоти низомӣ дар шимоли Сурия ягон афроди мулкӣ зарар надид

Оғоз аз 9 октябр Туркия дар шимолу шарқи Сурия бар зидди курдҳо амалиёти "Манбаъи сулҳ" - ро мегузаронад.

Созиши сарнавиштсози Путину Эрдуғон дар масоили Сурия

17 октябр ИМА ва Туркия дар бораи ба муддати 120 соат манъ кардани ин амалиёт, барои баровардани гурӯҳҳои курдӣ аз минтақаи ҳимоявӣ дар марзи Туркия ва Сурия, ки Анқара мехоҳад танҳо идорааш кунад, ба мувофиқа расиданд.

Ҳукумати Сурия борҳо сиёсати иғвогаронаи Туркиро маҳкум карда буд.