Додситон кормандони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро бозпурсӣ кард

Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе кормандони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро барои нашри мақолаи “Облава донишҷӯёнро ҳам ба хизмат мебарад” барои бозпурсӣ даъват кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Бахтовар Сафаров ва Фирдавс Сатторов кормандони ҳафтаномаи мазкур рӯзи 23-юми октябри соли равон дар облава боздошт шуданд ва ба коммиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.

Облава давом дорад: Вазорати дифоъ гуфт маъракаи даъват ҳамагӣ 65 дарсад иҷро шудааст

Дар заминаи ин замина Яҳё Маҳмаднабиев, хабарнигори ҳафтаноми “Тоҷикистон” матлабе таҳти унвони “Облава донишҷӯёнро ҳам ба хизмат мебарад” нашр кард.

Тибқи иттилои манбаъ, баъди гузаштани се ҳафта субҳи имрӯз аз номи Ёрдамчии калони додситонии ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, полковник Баротзода Қ.Ш. ба унвони кормандони ҳафтанома даъватнома фиристод.

Сипас ин ниҳод кормандони ҳафтаномаро тақрибан як соат бозпурсӣ намудааст ва аз онҳо баёнот гирифтааст.

Бахтовар Сафаров зикр намудааст, ки додситон Баротзода Қ.Ш., ки ӯро бозпурсӣ кард, хабар додааст, ки боздошти ғайриқонунии шаҳрвандонро ниҳоди онҳо пайгирӣ мекунад ва дар ҳамин асос онҳоро барои гирифтани баёнот даъват кардааст.

Додситон аз онҳо хостааст, ки қазияи санаи 23-юми октябрро ба ӯ шарҳ диҳанд.

Омбудсмени нави Тоҷикистон дар бораи “облава” ва латукӯби ҷавонон

“Ман гуфтам, ки нахуст корманди техникиамон Фирдавс Сатторовро, ки донишҷӯст, дар яке аз хиёбонҳо боздошт карданд. Банда, ки ним баст кор мекунам ва донишҷӯ ҳастам барои омода кардани гузориш ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино рафтам. Дар он ҷо дастгоҳи сабти маро кашида гирифта, маро ҳам ба комссияи қабули наваскарон дароварданд”- афзудааст Бахтовар.

Ҳамзамон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” навиштааст, ки мушкилоти облава дар Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғ табдил ёфтааст ва солҳои тӯлонист, ки роҳи ҳал намеёбад. Соли равон шахсони бемор, донишҷӯ ва ҳатто яккаписарҳоро ҳам аз кӯчаҳо бо зӯрӣ боздошт карда ба хизмати аскарӣ фиристоданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорони саршиноси Тоҷикистон Сайёфи Мизроб ва Раҷаби Мирзо бо пахши як изҳорот истеъфои Шералӣ Мирзо вазири дифои кишварро талаб карданд.