ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор, барномаи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президентро дар пойтахт ба тасвиб расонда, муовинони худ, раисони навоҳии пойтахт ва роҳбарони сохторҳои дигари давлатиро барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои идона муваззаф кардааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар Рӯзи Президент баробари чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ, ҳамчунин баргузории ҳамоиш таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол” дар назар аст.
Бахшида ба Рӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон 16 ноябри соли равон, соати 10:00, дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди аспдавонӣ баргузор мешавад.
Ёвари Президент дар бораи хислати Раҳмон ва “Роғун”: ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз намемонад
Соли 2016 парлумони Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” дар кишвар иди нав – Рӯзи Президентро ҷорӣ кард, ки ба рӯзи баргузории Иҷлоси 16-уми Шӯрои олӣ дар соли 1992 рост меояд. Моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 16-уми Шӯрои олӣ ба мақоми роҳбари Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Рӯзи раисиҷумҳур ҳамасола 16 ноябр бидуни истироҳат таҷлил мегардад.