ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Пизишкони Қазоқистон вазъияти чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро вахим арзёбӣ мекунанд.
Идораи беҳдошти вилояти Қарақандаи Қазоқистон вазъияти як шаҳрванди тоҷикро махсусан вазнин арзёбӣ мекунад.
Ёдовари мешавем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон шаби 11 - уми ноябр бар асари бархӯрдани автобуси мусофирбар бо худрав сахт ҷароҳат бардоштанд.
Дар лаҳзаи рух додани садама, дохили автобус 15 нафар мусофир ва 2 ронанда қарор доштанд.
Ба маълумоти пешакӣ, омили асосии сар задани садама, яхбандии роҳ буда, ронандаи 38 - сола, шаҳрванди Қазоқистон аз уҳдаи идора кардани автобус набаромада, ба худрави Volvo таҳти идораи ронандаи 55 - сола бархӯрдаст.
Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео
Манбаъ меафзояд, феълан кормандони пулис таҳқиқи рух додани ин ҳодисаро дақиқ мекунанд.