Таэквандочии тоҷик аз миёни 120 варзишгари дунё медали нуқра гирифт

Дар шаҳри Муҷуи Кореяи Ҷанубӣ мусобиқаи байналмилалии "Korean Ambassador's Cup Taekwondo World Championship 2019" ҷамъбаст гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии "Korean Ambassador's Cup Taekwondo World Championship 2019" ягона варзишгар, Шарафҷон Қодиров муаррифӣ намуд.

Мунтахаби таеквандои Тоҷикистон ба Кореяи ҷанубӣ сафарбар карда шуд

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Муҷуи Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 11 - уми ноябри соли равон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, барои иштрок дар мусобиқаи байналмилалӣ аз 44 давлати қора, 120 варзишгари ҷавон омада буданд. 

Таеквандочиёни тоҷик аз Узбакистон 19 медал оварданд

Манбаъ меафзояд, Шарафҷон Қодиров ягона намояндаи Тоҷикистон дар вазни 58кг ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд.

Ӯро дар ин мусобиқа мураббӣ Файзбахш Шоев ҳамроҳӣ кард.